Мутахассисони ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд
Душанбе,13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дирӯз раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода бо донишҷӯёне, ки аз ин шаҳр дар донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Даврон Зоҳидзода гуфт, ки мо аз 635 нафар зодагони шаҳри Исфара, ки дар макотиби мухталифи маркази вилоят таҳсил мекунанд, умедҳои зиёд дорем. Шаҳри Исфара барои таъмини мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ омодааст. Имрӯз мо ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, таълими ибтидоӣ, дифои ҳарбӣ ва мутахассисони соҳаи саноат, сохтмон, технологияҳои иноватсионӣ ва ғайра эҳтиёҷ дорем. Дар шаҳри Исфара ба мутахассисони ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дода мешавад. Дар моҳҳои наздик тибқи нақша дар шаҳри Исфара бунёди хонаҳои баландошёна ва корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки амалишавии он танҳо бо мусоидати мутахассисон сурат мегирад.
Зикр гардид, ки имрӯз аз шаҳри Исфара дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 602 нафар донишҷӯён ба илмомӯзӣ машғуланд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки тибқи квотаи президентӣ 43 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд ва аз он 23 нафар дар хобгоҳҳои донишгоҳ бо шароити хуби иҷтимоӣ зиндагӣ карда истодаанд.
Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошанд. Дар мулоқот донишҷӯён доир ба пайдо намудани ҷойи кор, дарёфти роҳҳои ҳавасмандии мутахассисони ҷавон, ташкили дастаи футболи донишҷӯён, фаъолонокии ВАО-и шаҳр ва дигар дархосту пешниҳодоти худро манзур намуданд.
Даврон Зоҳидзода аз тамоми муҳассилини донишгоҳҳо даъват ба амал овард, ки барои ободу бунёди шаҳри Исфара сайъ намуда, бо дониши хубу аъло таҳсилро хатм намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба тараққиёти шаҳр ҳисса гузоранд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






