Мутахассисони ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд

Март 13, 2014 15:04

Душанбе,13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Тавре ки  сардори маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дирӯз  раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода бо  донишҷӯёне, ки аз ин шаҳр дар донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Даврон Зоҳидзода гуфт, ки мо аз 635 нафар зодагони шаҳри Исфара, ки  дар макотиби мухталифи маркази вилоят таҳсил мекунанд, умедҳои зиёд дорем. Шаҳри Исфара барои таъмини мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ омодааст. Имрӯз мо ба омӯзгорони фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, таълими ибтидоӣ, дифои ҳарбӣ ва мутахассисони соҳаи саноат, сохтмон, технологияҳои иноватсионӣ ва ғайра эҳтиёҷ дорем. Дар шаҳри Исфара ба мутахассисони ҷавон қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дода мешавад. Дар моҳҳои наздик тибқи нақша дар шаҳри Исфара бунёди хонаҳои баландошёна ва корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки амалишавии он танҳо бо мусоидати мутахассисон сурат мегирад.  
Зикр гардид, ки имрӯз аз шаҳри Исфара дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров 602 нафар донишҷӯён ба илмомӯзӣ машғуланд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки тибқи квотаи президентӣ 43 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд ва аз он 23 нафар дар хобгоҳҳои донишгоҳ бо шароити хуби иҷтимоӣ зиндагӣ карда истодаанд.
Яке аз ҳадафҳои тайёр намудани мутахассисон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров ин пеш аз ҳама таъмини онҳо бо ҷойи кори доимӣ дар маҳалли зисташон мебошанд. Дар мулоқот  донишҷӯён доир ба пайдо намудани ҷойи кор, дарёфти роҳҳои ҳавасмандии мутахассисони ҷавон, ташкили дастаи футболи донишҷӯён, фаъолонокии ВАО-и шаҳр ва дигар дархосту пешниҳодоти худро манзур намуданд.
Даврон  Зоҳидзода аз тамоми муҳассилини донишгоҳҳо даъват ба амал овард, ки барои ободу бунёди шаҳри Исфара сайъ намуда, бо дониши хубу аъло таҳсилро хатм намуда, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба тараққиёти шаҳр ҳисса гузоранд.

Март 13, 2014 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!