Муваффақият дар интиқоли озмоишии амалиёт
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи татбиқи лоиҳаи бонкдории мобилӣ марҳилаи дуюми он — таҳияи корти технологии амалиёт омода ва озмоишҳои интиқоли аввалин аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии карзии хурд (ТАҚХ) “Авфар” бомуваффақият гузаронида шуданд.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва ҶДММ ТАҚХ “Арванд”, ки иштирокдорони дигари лоиҳаи мазкур мебошанд, омода намудани низомҳои иттилоотии худро давом дода, барои амалӣ кардани бонкдории мобилӣ бо дигар ташкилотҳо ҳамкориро ба роҳ монданд.
Дар назар аст, ки дар марҳилаи сеюм санадҳои меъёрие, ки ба бонкдории мобилӣ вобастаанд, таҳия шуда, аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ регламентҳои дохилии амалиёти бонкдории мобилӣ пешниҳод мегарданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, бо назардошти қарори ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба андешидани тадбирҳо барои рушди низоми пардохт, ки дар Бонки миллӣ баргузор гардид, дар марҳилаи якум рӯйхати амалиёте, ки аз ҷониби муштариён аз тариқи воситаҳои алоқаи мобилӣ ва аз ҷониби воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, муқаррар гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






