Наҷоти ҷони чанд нафар
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро барҳам доданд. Зимни гузаронидани чорабинии фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ду сокини пойтахт — А.А.-и 40-сола ва Н.С.-и 35-соларо боздошт намуданд, ки ба паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд. Нашъаҷаллобон дар манзили зисти худ афюн тайёр карда, дар ин маҳал онро мефурӯхтаанд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо ба миқдори калон афюн мусодира шуд. Тавре ки тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшудагон худашон низ афюн истеъмол мекардаанд. Яке аз онҳо- Н.С. дар қайди беморхонаи наркологӣ қарор дошт.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, дар айни ҳол аз тарафи шуъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда дар айни замон муайян нашудааст. Ҳар ду боздоштгардида дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ қарор доранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






