Наҷоти ҷони чанд нафар

Март 6, 2014 10:18

Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар яке аз кӯчаҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро барҳам доданд. Зимни гузаронидани чорабинии фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ду сокини пойтахт — А.А.-и 40-сола ва Н.С.-и 35-соларо боздошт намуданд, ки ба паҳн намудани маводи нашъаовар машғул буданд. Нашъаҷаллобон дар манзили зисти худ афюн тайёр карда, дар ин маҳал онро мефурӯхтаанд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо ба миқдори калон афюн мусодира шуд. Тавре ки тафтиши пешакӣ нишон дод, боздоштшудагон худашон низ афюн истеъмол мекардаанд. Яке аз онҳо- Н.С. дар қайди беморхонаи наркологӣ қарор дошт. 
Тавре  ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, дар айни ҳол аз тарафи шуъбаи тафтишоти агентӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда дар айни замон муайян нашудааст. Ҳар ду боздоштгардида дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ қарор доранд.
 

Март 6, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд