Намоиш — фурӯши мусаввараҳои рассомони тоҷик
Душанбе, 5.03.2014 (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат) — Экспозитсияи «Гулдухтарони тоҷик», бахшида ба иди зебои баҳор Рӯзи модарон 10 март дар Колеҷи рассомии ба номи М. Олимов дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора аз Колеҷи рассомии ба номи М. Олимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тавре сарчашма аз Колеҷи мазкур хабар дод, дар намоиш — фурӯши асарҳои рассомони тоҷик, бо шумули рассомони муосир, мусаввараҳои ситоишкунандаи зебогии занони тоҷик ба намоиш гузошта мешаванд. «Мизоҷон метавонанд, на танҳо аз дидани зебогиҳо ҳаловат баранд , балки асарҳои писандомадаро аз дасти якум харидорӣ кунанд», — иттилоъ дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






