Намоиш-фурўши либоси атлас бахшида ба Рӯзи Модар
Душанбе, 07.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Далват).- Имрўз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Модар намоиш-фурўши матои атлас, ки рамзи либоси миллии занони тоҷик мебошад, баргузор гардид. Намоиши мазкур аз ҷониби ҶДММ «Атласи Хуҷанд» доир гашта, ҳамчунин ба ин хотир вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобозода бонувонро ба муносибати фарорасии фасли баҳор, мавсими фараҳу сурур- Рўзи Модар муборакбод намуд. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, роҳбарият саъю талоши бонувони вазоратро дар ин самти рушди соҳаҳои саноат назаррас арзёбӣ карда, онҳоро бо туҳфаҳои молиявӣ сарфароз гардониданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






