Наврӯз дар Озарбойҷон
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бо ибтикори Раёсати Мамнӯъгоҳи давлатии таъриху меъмории «Ичеришаҳр» аз 20 то 24 март дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку ҷашнвораи байналмилалии иди Наврӯз баргузор гардид.
Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар доданд, дар ин чорабинии идона намояндагони сафоратҳои Тоҷикистон, Туркия, Русия, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.
Дар ҳошияи таҷлили «Наврӯз» гӯшаи миллии Тоҷикистон таъсис дода, дар он таомҳои миллӣ ва китобу суратҳо бо тасвири рамзи иди баҳорон, зебоии табиати Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷумҳурӣ ба маърази намоиш гузошта шуданд.
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Консерваторияи миллии Озарбойҷон таҳсил менамоянд, барномаи консертии худро манзури меҳмонон намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зоҳир Саидов зимни суханрониаш зикр намуд, ки имрӯз Наврӯз ба иди умумимиллии бисёр давлатҳои ҷаҳон табдил ёфта ва сол аз сол ҳар чи зебою мӯҳташамтар мегардад.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






