Наврӯз дар Озарбойҷон

Март 27, 2014 15:03

Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-  Бо  ибтикори Раёсати  Мамнӯъгоҳи давлатии таъриху  меъмории «Ичеришаҳр» аз  20  то  24  март  дар  пойтахти  Озарбойҷон  шаҳри  Боку  ҷашнвораи байналмилалии  иди Наврӯз баргузор  гардид. 
 
Тавре  ки аз Сафорати  Тоҷикистон  дар  Озарбойҷон хабар  доданд, дар  ин  чорабинии  идона   намояндагони  сафоратҳои  Тоҷикистон,  Туркия, Русия, Эрон, Ӯзбекистон  ва  Қирғизистон  ширкат  доштанд. 
 
Дар ҳошияи таҷлили «Наврӯз»  гӯшаи миллии Тоҷикистон  таъсис  дода, дар  он  таомҳои   миллӣ ва  китобу суратҳо бо тасвири рамзи  иди  баҳорон, зебоии  табиати  Тоҷикистон  ва  дастовардҳои  ҷумҳурӣ ба маърази  намоиш  гузошта шуданд.
 
Донишҷӯёни  тоҷик, ки дар Консерваторияи  миллии  Озарбойҷон таҳсил менамоянд, барномаи консертии худро  манзури  меҳмонон  намуданд.
 
Сафири  Тоҷикистон  дар  Озарбойҷон  Зоҳир  Саидов зимни суханрониаш  зикр  намуд, ки имрӯз  Наврӯз  ба иди  умумимиллии  бисёр  давлатҳои  ҷаҳон  табдил  ёфта ва  сол  аз  сол  ҳар  чи  зебою мӯҳташамтар  мегардад.

Март 27, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш