Наврӯзи тоҷикон дар Анқара

Март 26, 2014 16:06

Анқара, 26.03.2014.( АМИТ “Ховар”, Муқим Малаев). – 25 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара бо иштироки васеи донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳрҳои мухталифи Туркия таҳсил мекунанд, тоҷикони дар шаҳри Анқара сукунатдошта ва меҳмонон таҷлили иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов дар ифтитоҳи ҷамъомади бахшида ба Наврӯзи Аҷам кулли иштирокчиёнро шодбош намуда, оид ба таърих ва арзишҳои ин иди бузург ва қадимии тоҷикон суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Наврӯз натанҳо бо зиндашавии табиат рост меояд, балки он пайвандгари наслҳову халқҳо низ мебошад. Аз номи меҳмонон ҳамоҳангсози ширкати таҳсилотии Шалола дар Туркия Аҳмад Ипек суханронӣ намуда, дар бораи дӯстии халқҳои турку тоҷик таъқид намуд ва иди Наврӯзро як мисоли барҷастаи таҳкимбахши ин дӯстиҳо номид. Дар навбати худ иштирокчиёни ҷамъомад низ баромадҳо намуда, оид ба Наврӯз сӯҳбатҳо оростанд ва ба сафорати Тоҷикистон изҳори миннатдории худро барои дастгирӣ ва баҳамоварии тоҷикон баён намуданд. Ин аст, ки ҳар як чорабинии дастарҷамъона метавонад барои рушди ояндаи кишвар заминагузор бошад ва ҳисси ватандӯстиро бардавом нигоҳ дорад.

Март 26, 2014 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад