Наврӯзи тоҷикон дар Анқара
Анқара, 26.03.2014.( АМИТ “Ховар”, Муқим Малаев). – 25 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара бо иштироки васеи донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳрҳои мухталифи Туркия таҳсил мекунанд, тоҷикони дар шаҳри Анқара сукунатдошта ва меҳмонон таҷлили иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов дар ифтитоҳи ҷамъомади бахшида ба Наврӯзи Аҷам кулли иштирокчиёнро шодбош намуда, оид ба таърих ва арзишҳои ин иди бузург ва қадимии тоҷикон суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Наврӯз натанҳо бо зиндашавии табиат рост меояд, балки он пайвандгари наслҳову халқҳо низ мебошад. Аз номи меҳмонон ҳамоҳангсози ширкати таҳсилотии Шалола дар Туркия Аҳмад Ипек суханронӣ намуда, дар бораи дӯстии халқҳои турку тоҷик таъқид намуд ва иди Наврӯзро як мисоли барҷастаи таҳкимбахши ин дӯстиҳо номид. Дар навбати худ иштирокчиёни ҷамъомад низ баромадҳо намуда, оид ба Наврӯз сӯҳбатҳо оростанд ва ба сафорати Тоҷикистон изҳори миннатдории худро барои дастгирӣ ва баҳамоварии тоҷикон баён намуданд. Ин аст, ки ҳар як чорабинии дастарҷамъона метавонад барои рушди ояндаи кишвар заминагузор бошад ва ҳисси ватандӯстиро бардавом нигоҳ дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






