Назорати ҷиддии пардохти ҳаққи обу барқ
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи кории назди муовини раиси вилоят доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ намуданд.
Муовини раиси вилоят Анвар Ёқубов дар ҷаласа пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, пардохти ҳаққи барқ ва оби истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои гуногун ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр шуд, ки дар айни замон як силсила ташкилоту муассисаҳои қаламрави вилоят, аз ҷумла шабакаҳои барқиву обрасонӣ ҳанӯз музди меҳнатро дар моҳҳои охир пардохт накардаанд. Анвар Ёқубов ба шахсони масъул супориш дод, ки барои пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки шабакаҳои барқӣ ва обрасонии вилоят барои ҷамъоварии маблағи неруи барқ ва оби истифодашуда аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Тавре ки аз хадамоти раиси вилоят иттилоъ додаанд, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти сохторҳои марбута зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад ва маълумоти фаврии мақомоти маҳаллӣ ҳар ҳафта пешниҳод гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






