Назорати ҷиддии пардохти ҳаққи обу барқ

Март 13, 2014 10:15

Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи кории назди муовини раиси вилоят доир гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ намуданд.
Муовини раиси вилоят Анвар Ёқубов дар ҷаласа пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, пардохти ҳаққи барқ ва оби истифодашуда аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои гуногун ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр шуд, ки дар айни замон як силсила  ташкилоту муассисаҳои қаламрави вилоят, аз ҷумла шабакаҳои барқиву обрасонӣ ҳанӯз музди меҳнатро дар моҳҳои охир пардохт накардаанд. Анвар Ёқубов ба шахсони масъул супориш дод, ки барои пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки шабакаҳои барқӣ ва обрасонии вилоят барои ҷамъоварии маблағи неруи барқ ва оби истифодашуда аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Тавре ки аз хадамоти раиси вилоят иттилоъ додаанд, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти сохторҳои марбута зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад ва маълумоти фаврии мақомоти маҳаллӣ ҳар ҳафта пешниҳод гардад.

Март 13, 2014 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд