Низомии обтаъминкунии шаҳрҳо беҳтар мешавад

Март 19, 2014 15:55

             Душанбе, 19.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ояндаи наздик низомҳои  обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон, назири Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ беҳтар гардонида мешавад. Дар ин росто дар остонаи ҷашни байналмилаии Наврӯз вакилони Маҷлиси намояндагон  Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии  «Хоҷагиии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба  Лоиҳаи  «Беҳтар  намудани системаҳои обтаъминкунии  шаҳрҳои  марказии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карда ва ба тасвиб расонданд. 
         Санади мазкурро дар Парлумони  кишвар Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали  вазири молияи ҷумҳурӣ ва  Ашӯрбег Расулов- вакили Маҷлиси намояндагон шарҳ дода, зикр намуданд, ки Созишномаи мазкур аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ҷиҳати тасдиқ ба Парлумон пешниҳод шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 18 миллион $ -ро ташкил дода, аз ҷумла 6 миллион евро ва 2, 6 миллион $ ҳамчун грант ( дар маҷмӯъ 11 миллион $) ва 7 миллион $ ҳамчун қарз барои корҳои сохтмонӣ ва харидории молҳои зарурӣ ҷиҳати барқаросозии низомҳои обтаъминкунии шаҳру  навоҳии Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ нигаронида шудааст. 
     Ҳадафи лоиҳа сохтмон, таъмир  ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон баҳри беҳдошти фаъолияти корхонаи фаръии обтаъминкунӣ  ва канализатсия, ки он ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳдошти  оби нӯшокӣ ва  сари вақт бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳрҳои марказии кишвар мусоидат менамояд, ба шумор меравад.  
    Лоиҳа дар муддати ду сол амалӣ гардонида мешавад. 

Март 19, 2014 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд