Ноболиғон дарс мехонанд ё ҷиноят содир менамоянд?

Март 17, 2014 11:43

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ ноболиғон Фаррух Шарифов, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №71, Аҳмад Алиев, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №29 ва Шаҳром Афсаҳов, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №71-и пойтахт дастгир гардиданд. Маркази матбуоти милитсия хабар медиҳад, ки номбурдагон 16 марти соли равон дар бозори телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ ноболиғ Шамшод Раҳмонов. соли таваллудаш 1996, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №38-ро лату кӯб намуда, сипас бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия-5228»-ро, ки арзишаш 300-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Март 17, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад