Ноболиғон дарс мехонанд ё ҷиноят содир менамоянд?
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ ноболиғон Фаррух Шарифов, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №71, Аҳмад Алиев, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №29 ва Шаҳром Афсаҳов, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №71-и пойтахт дастгир гардиданд. Маркази матбуоти милитсия хабар медиҳад, ки номбурдагон 16 марти соли равон дар бозори телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ ноболиғ Шамшод Раҳмонов. соли таваллудаш 1996, хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №38-ро лату кӯб намуда, сипас бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокия-5228»-ро, ки арзишаш 300-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






