Ноболиғони телефондузд
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт соҳибони маркази фурӯш ва таъмири телефонҳо Динмуҳаммади Идибек ва Раҳимҷон Муддинов, сокинони ноҳияи Рашт муроҷиат намуданд, ки шаби 7 ба 8-уми марти соли ҷорӣ шахсони номаълум ба дӯконҳояшон даромада, аз он ҷо аз соҳибмулки аввал 7 адад телефони мобилӣ ва 10 адад флешкорт, аз соҳибмулки дуввум 4 адад телефони мобилӣ ва 2 адад флешкортро, ки арзиши умумиаш 2395 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо далели даст задан ба дуздии моликияти шахсӣ ноболиғон Илҳомуддини Валӣ ва Зиёрат Комилов, соли таваллудашон 1999, сокинони ноҳияи Рашт, хонандагони синфи 8-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дастгир шуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, далели шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбат ба далелҳои мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиш идома дорад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






