Ноболиғони телефондузд

Март 11, 2014 11:30

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт соҳибони маркази фурӯш ва таъмири телефонҳо Динмуҳаммади Идибек ва Раҳимҷон Муддинов, сокинони ноҳияи Рашт муроҷиат намуданд, ки шаби 7 ба 8-уми марти соли ҷорӣ шахсони номаълум ба дӯконҳояшон даромада, аз он ҷо аз соҳибмулки аввал 7 адад телефони мобилӣ ва 10 адад флешкорт, аз соҳибмулки дуввум  4 адад телефони мобилӣ ва 2 адад флешкортро, ки арзиши умумиаш 2395 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо далели даст задан ба дуздии моликияти шахсӣ ноболиғон Илҳомуддини Валӣ ва Зиёрат Комилов, соли таваллудашон 1999, сокинони ноҳияи Рашт, хонандагони синфи 8-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дастгир шуданд. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, далели шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбат ба далелҳои мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, тафтиш  идома дорад.
 
 

Март 11, 2014 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш