Ноуҳдабароии ронандагон боиси ҳалокати 2 нафар гардид

Март 6, 2014 10:01

Душанбе,  06.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ронандаи мошини  тамғаи «ВАЗ-2107» Туйчӣ Нарзиев, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳраки Шарора ба тарафи ноҳияи Рӯдакӣ, дар деҳаи Лаби-толӣ  бехатарии воситаи нақлиётро риоя карда натавониста, пиёдагард  Шаҳзода Зубайдова, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намуд.
 Дар натиҷа Ш. Зубайдова ҷароҳатҳои  вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин ронандаи  мошини тамғаи «Karando», Хушаков Иномбой, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ғончӣ,  ҳангоми ҳаракат  бо роҳи мошингарди деҳаи Қалъачаи Дӯстии ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Фариди Зафар, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Ғончиро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намуд.
  Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Фариди Зафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
 
 

Март 6, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад