Ноуҳдабароии ронандагон боиси ҳалокати 2 нафар гардид
Душанбе, 06.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2107» Туйчӣ Нарзиев, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳраки Шарора ба тарафи ноҳияи Рӯдакӣ, дар деҳаи Лаби-толӣ бехатарии воситаи нақлиётро риоя карда натавониста, пиёдагард Шаҳзода Зубайдова, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намуд.
Дар натиҷа Ш. Зубайдова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин ронандаи мошини тамғаи «Karando», Хушаков Иномбой, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ғончӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди деҳаи Қалъачаи Дӯстии ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Фариди Зафар, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Ғончиро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намуд.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Фариди Зафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






