Оғози «Андалеб-2014»
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар» Ҳотами Шариф)- Бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи дуюми моҳи августи соли 2014 бо иштироки ҳаваскорони санъати тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» -ро баргузор менамояд.
Ҳадафи асосии баргузории фестивал-озмун дарёфти истеъдодҳои нав, санҷиши нерӯҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ, тақвият бахшидани вазифаҳои иҷтимоии онҳо дар эъмори ҷомеаи навбунёди Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ ва намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 23- соли даврони истиқлолият аст.
Дар айни ҳол бахшида ба ин чорабинии фарҳангӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо омодагиҳо шурӯъ шудаанд. Аз ҷумла, тибқи иттилои мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Парвиз Пӯлодӣ дар ин фестивал-озмун ҳунармандони халқӣ Комилҷон Ғаниев, Латиф Камолӣ, Одилҷон Ғаниев ва дигар санъаткорони наврас ширкат хоҳанд кард
Фестивал-озмун «Андалеб» ҷумҳуриявӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






