Оғози апрел : борон ва раъду барқ
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 1 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму офтобӣ дар назар дошта шудааст. Бегоҳ дар ҷануби Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида , шамоли сахт мевазад. Ғайр аз ин, дар охири рӯз дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти обу ҳавошиносии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои ҳавосанҷон , аз 2 то 5 апрел дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ҷойҳо борони сахт ва раъду барк дар назар аст . 3 апрел ҳавои абрноки бебориш мешавад.
Пагоҳ , 1 апрел ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон +20 +25 дараҷа, дар вилояти Суғд +21 +26 дараҷа , дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) +19 +24 дараҷа , дар ғарби ВМКБ +15 +20 дараҷа , дар шарқи ВМКБ +0,5 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе +22 +24 дараҷа гармӣ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






