Оғози апрел : борон ва раъду барқ

Март 31, 2014 17:03

Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 1 апрел дар ҷумҳурӣ  ҳавои гарму офтобӣ дар назар дошта шудааст. Бегоҳ дар ҷануби Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида ,  шамоли сахт  мевазад. Ғайр аз ин, дар охири рӯз дар вилояти Суғд  ва баъзе  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши борон бо раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти обу ҳавошиносии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. 
Тибқи иттилои ҳавосанҷон , аз 2 то 5 апрел дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ҷойҳо борони сахт  ва раъду барк дар назар аст . 3 апрел ҳавои абрноки бебориш мешавад.
Пагоҳ , 1 апрел  ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон  +20 +25 дараҷа, дар вилояти Суғд +21 +26  дараҷа , дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) +19 +24 дараҷа , дар ғарби ВМКБ +15 +20 дараҷа , дар шарқи ВМКБ +0,5 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе +22 +24 дараҷа гармӣ  дар назар аст.
 

Март 31, 2014 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид