Оғози чорабиниҳои наврӯзӣ
Душанбе, 12.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 15-16-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврўз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод миёни варзишгарони калонсол доир мегардад.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони минтақаи Хатлон, Суғд, ВМКБ, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт иштирок хоҳанд кард.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки рӯзҳои 22-23-юми марти соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини юнонию румӣ миёни калонсолон доир мешавад.
Ғолибон бо диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






