Оғози даъвати баҳории ҷавонон
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрўз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва фардо дар ноҳияи Фирдавсиву Синои шаҳри Душанбе мулоқоти масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аъзои комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо намояндагон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии мақомот: роҳбарони комиссариатҳои ҳарбӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳо доир мегардад.Мулоқот дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба ташкили корҳои ташвиқотӣ барои даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» ва бо мақсади татбиқи чорабиниҳои «Барномаи ихтиёрии ҷавонон дар шаҳру навоҳии кишвар» баргузории чорабиниҳои мухталиф, аз қабили сўҳбату вохўриҳо, машғулиятҳои машваратӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, мусоҳибаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, саёҳати хонадагон ба қисмҳои ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






