Оқибати ногувори садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 8 март ронандаи мошини «Оpel- Vectra» (Опел – Вектра), сокини шаҳри Сарбанд Муродов Сироҷиддин, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа сӯи ноҳияи Данғара равон буд, бинобар аз ӯҳдаи идораи мошин набаромаданаш Миралӣ Куганови ноболиғро пахш намуда, бар асари ин кӯдак дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расид.9 март ронандаи мошини тамғаи BMW Хайитов Сӯҳроб, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар кӯчаи ба номи Рӯдакии шаҳри Сарбанд бар асари ба канори роҳ чаппа шудани мошинаш сахт захм бардошта, дар беморхона ҳалок шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






