Омодагӣ ба ҷаласаи СҲШ
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки он аз 1-ум то 3-юми апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ҳафтаи равон дар вилояти Суғд ҷамъомади сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмон доир гардид. Дар ҷаласаи машваратӣ сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳайати намояндагони низомии давлатҳои ин созмон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат намуданд. Дар ҷамъомад нақшаи баргузории ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2014 ва 2015 баррасӣ шуд. Аз рӯи ин масъалаҳо сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои ин созмо, як силсила ҳуҷҷатҳоеро, ки барои тасдиқ бо роҳбарони аввали низомии кишварҳои ин созмон мувофиқа шудааст, муҳокима намуда, лоиҳаи марбут ба баргузории ҷаласаро аз 1-ум то 3-юми апрел қабул намуданд.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳои ҳамкориҳои ҳарбӣ-байналмилалии кишварҳои аъзои СҲШ ва ҳайати намояндагони низомии кишварҳои ин созмон вобаста ба натиҷаҳои ҷамъомад Ёддошти тафоҳум ва протоколи ҷаласаро ба имзо расониданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






