Ошкор шудани қиморхона дар Кӯлоб

Март 12, 2014 10:54

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзи 10 марти соли  2014 аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдулмаҷид Ҳотамов, сокини деҳаи Шакархони ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдории қиморхона дастгир шуд. Номбурда хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи С.Сафаровро ба қиморхона табдил дода, ба шаҳрвандон: Баҳодур Шарифов, Иброҳим Бобоев ва Саид Бозоров, сокинони шаҳри Кӯлоб барои қиморбозӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо ҳаққи хизмат ба маблағи  1 ҳазору 180 сомонӣ гирифтааст. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 
 
 

Март 12, 2014 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад