Ошкор шудани қиморхона дар Кӯлоб
Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзи 10 марти соли 2014 аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абдулмаҷид Ҳотамов, сокини деҳаи Шакархони ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигоҳдории қиморхона дастгир шуд. Номбурда хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи С.Сафаровро ба қиморхона табдил дода, ба шаҳрвандон: Баҳодур Шарифов, Иброҳим Бобоев ва Саид Бозоров, сокинони шаҳри Кӯлоб барои қиморбозӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо ҳаққи хизмат ба маблағи 1 ҳазору 180 сомонӣ гирифтааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






