Ошноии Қ. Расулзода бо фаъолияти НБО «Норак»

Март 14, 2014 10:43

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти НБО «Норак»  ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди маркази  кушоди дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқи 500 кВт шинос шуд.
Тавре ки  маълум шуд, НБО-и «Норак»  бо назардошти сатҳи мавҷудаи об фаъолият дошта як қисм агрегатҳои он ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар айни замон дар маҳали фаъолияти неругоҳ сохтмони маркази  кушоди тақсимкунандаи барқи 500 кВт идома дошта, беш аз 50 фисади корҳои сохтмонии бинои асосӣ барои дастгоҳҳои қабулкунанда ва тақсимкунандаи барқ  аллакай анҷом дода шудаанд.
Сарвазири мамлакат  ба масъулини соҳа ҷиҳати таъмини фаъолияти бенуқсони неругоҳ, таъмири хушсифати агрегатҳои он, беҳдошти шароити корӣ ва таъмини саривақтии музди маоши кормандони ин иншооти муҳим  дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат  барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди маркази  кушоди дастгоҳҳои тақсимкунандаи барқи 500 кВт вазифадор гардиданд.
Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафар бо фаъолияти коргоҳи дар шаҳри Норак мавҷудбуда- Корхонаи «Тоҷикгидромонтаж» ва  Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Корхонаи таҷрибавӣ-механикӣ» шинос шуд.
 

Март 14, 2014 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд