Озмун ба ифтихори Рӯзи Модар

Март 5, 2014 09:08

Хоруғ, 5.02.2014. (АМИТ Ховар, Файз Мирасан).- Дар  шаҳри Хоруғ  бахшида ба Рӯзи Модар даври  ниҳоии озмуни «Бибиҷони беҳтарин»  баргузор гардид. Ба  озмун панҷ бибиҷон ҳамроҳ бо набераву абера роҳхат гирифта, аз рӯи панҷ шарт байни худ рақобат карданд. Шартҳо аз саломнома, навозиши кӯдак, доирабазм, саҳнача дар мавзӯи муносибати хушдоман бо келин ва муроҷиатномаи модар ба фарзанд иборат буданд.
Бибиҷон  аз маҳаллаи Хуфаки шаҳри Хоруғ Мародбегим Искандарова бо овози маҳину шевои худ навозиши «Лалаик»-ро иҷро кард ва дили садҳо нафар  тамошобинонро ба ваҷд овард. Ин бибиҷон ҳамчунин бо наберагони худ рӯи саҳна доирабазм ва рақси зебои бадахшониро бо тамоми нозукиҳо ва ҷузъиёти расму суннати ниёгон баргузор кард ва бо кафкӯбиҳои зиёд аз сӯи ҳаводорони ин жанр истиқбол шуд.
Раиси  шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти давлатии шаҳр Гулдаста  Орумбекова зимни анҷоми ин озмун  гуфт, ки ҳадафи мо огоҳ кардани насли ҷавон аз расму суннатҳои ниёгонамон буд ва аз чеҳраву пазироии тамошобинон аён гардид, ки мо ба ин ҳадафи худ расидем. Ба гуфтаи ҳакамон ҳамаи бибиҷонҳо ба озмун бо омодагии хуб ҳозир шуданд. Аз ин рӯ ба ҳамаи панҷ бибиҷон мақоми аввал ва унвони «Бибиҷони беҳтарин» дода шуд.

Март 5, 2014 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст