Озмун ба ифтихори Рӯзи Модар
Хоруғ, 5.02.2014. (АМИТ Ховар, Файз Мирасан).- Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Модар даври ниҳоии озмуни «Бибиҷони беҳтарин» баргузор гардид. Ба озмун панҷ бибиҷон ҳамроҳ бо набераву абера роҳхат гирифта, аз рӯи панҷ шарт байни худ рақобат карданд. Шартҳо аз саломнома, навозиши кӯдак, доирабазм, саҳнача дар мавзӯи муносибати хушдоман бо келин ва муроҷиатномаи модар ба фарзанд иборат буданд.
Бибиҷон аз маҳаллаи Хуфаки шаҳри Хоруғ Мародбегим Искандарова бо овози маҳину шевои худ навозиши «Лалаик»-ро иҷро кард ва дили садҳо нафар тамошобинонро ба ваҷд овард. Ин бибиҷон ҳамчунин бо наберагони худ рӯи саҳна доирабазм ва рақси зебои бадахшониро бо тамоми нозукиҳо ва ҷузъиёти расму суннати ниёгон баргузор кард ва бо кафкӯбиҳои зиёд аз сӯи ҳаводорони ин жанр истиқбол шуд.
Раиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти давлатии шаҳр Гулдаста Орумбекова зимни анҷоми ин озмун гуфт, ки ҳадафи мо огоҳ кардани насли ҷавон аз расму суннатҳои ниёгонамон буд ва аз чеҳраву пазироии тамошобинон аён гардид, ки мо ба ин ҳадафи худ расидем. Ба гуфтаи ҳакамон ҳамаи бибиҷонҳо ба озмун бо омодагии хуб ҳозир шуданд. Аз ин рӯ ба ҳамаи панҷ бибиҷон мақоми аввал ва унвони «Бибиҷони беҳтарин» дода шуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






