Озмуни наврӯзии байтбаракхонӣ
Хуҷанд,21.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хучанд чорабиниҳои идона доир гашта истодаанд. Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маҳфили наврӯзӣ баргузор гардид. Бояд гуфт, ки дар ин макони илму адаб бори нахуст дар баробари таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва омода намудани анвою хони наврӯзӣ байни кормандони он озмуни «Байтбараки наврӯзӣ», «Кокулбофӣ» ва «Намоиши либос» баргузор гардид.Иштирокчиёни озмун, ҷамъи кормандон-ҷавондухтароне, ки аз ҳамаи шуъбаҳои китобхонаи мазкур буданд, дар чорабинии доиргашта фаъолона иштирок намуда, дар иҷрои шартҳо чолокӣ ва дониши хуб нишон доданд. Дар интиҳо ғолибони озмуни «Байтбараки наврӯзӣ», «Намоиши либос» ва «Кокулбофӣ» бо туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти китобхонаи маскур мукофонида шуданд. Ёдрас бояд кард, ки чорабиниҳои асосии Наврӯзи Хуҷандшаҳр 22 март дар назди Театри давлатии мусиқӣ-мазхакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки зиёда аз 20 ҳазор нафар сокини шаҳр дар назар гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






