Парлумон ду Созишномаро ба тасвиб хоҳад расонд
Душанбе, 19.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир мегардад, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар матраҳ хоҳад гардид.
Интизор меравад, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ду санад -Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон»-ро баррасӣ карда ва ба тасвиб хоҳанд расонд. Инчунин вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият“-ро муҳокима ва қабул хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






