Пешгирӣ ва мусодираи беш аз 40 кило маводи мухаддир

Март 3, 2014 11:51

Душанбе, 03.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кормандони милитсияи кишвар зимни гузаронидани якчанд чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯии дурӯзаи худ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ пеши роҳи интиқол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки 40 килою 983 граммро ташкил медиҳад, гирифтанд. 
Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст,  зимни амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони фаврӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва се шаҳрванди ҷумҳурӣ дар робита ба ҷиноятҳои мазкур ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, ки аз онҳо маводи нашъадор дар ҳаҷми калон дарёфт ва мусодира шуд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Март 3, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад