Пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз таҳти раёсати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Суғд, муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.
Ҷумъабой Сангинов гуфт, ки пешгирии истеъмоли маводи мухаддир дар қатори мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аз самтҳои афзалиятноки маҷмӯи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти расмии Маркази наркологии вилоят дар соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 шумораи нашъамандон 3,2 % зиёд шудааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад. Шумораи беморони нашъаманд дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Ғончӣ ва Ашт тамоюли зиёдшавӣ дошта, шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру навоҳиро зарур аст барои бартараф намудани ин раванди номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тавре ки аз хадамоти раиси вилоят иттилоъ доданд, дар ҷаласа ҳамчунин перомуни мавзӯъҳои иҷрои “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2017”, таҳлили вазъи нашъамандӣ ва пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Суғд масъулини Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд сухан гуфта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






