Пешниҳоди ҷои кор аз тариқи ярмарка

Март 24, 2014 10:27

Темурмалик, 24.03.2014.(АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бо мақсади бо ҷои кор ва шуғли доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Темурмалик дар маркази ноҳия ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро баргузор намуд, ки дар он аксари корхонаю ташкилоти ноҳия барои корҷӯён ҷойи кор пешниҳод намуданд. Тавре ки Файзиддин Нуров, сардори шуъбаи мазкур иброз дошт, дар соли ҷорӣ маротибаи сеюм аст, ки ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод доир мешавад. Дар ду ярмаркаи қаблӣ, ки моҳи январу феврал гузаронида шуд, 32 ташкилоту муассиса иштирок намуда, 307 ҷои кор пешниҳод карданд ва 23 нафар роҳхат гирифта, 19 нафар бо ҷои кор таъмин шуд.

Март 24, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд