Пешниҳоди 2 688 ҳуҷҷат ба ММТ

Март 5, 2014 14:28

 
Душанбе, 5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар 4 рӯзи аввал (1, 3 ва 4-уми март) барои қабул шудан ба муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон 2 ҳазору 688 довталаб ҳуҷҷат супоридааст, ки 2 нафараш ятими кулл, 17 нафар ятим ва 4 нафар маъюб мебошад.
Ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ дар ин се рӯз ба ихтисосҳои кластери якум 456, дуюм 695, сеюм 353, чорум 429 ва панҷум  755 нафар ҳуҷҷат супурдааст.
Ёдрас мекунем, ки арзиши хизматрасонии ММТ 150 сомонӣ муайян гардидааст. Рӯйхат ва нишонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муайян ва тасдиқ гардидаанд. 

Инчунин тибқи қарори баррасишудаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ довталабоне, ки ятими куланд, аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо пардохт мекунанд.

 

Март 5, 2014 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст