Прокуратура куштори Ш.Раҳматшоевро пайгирӣ мекунад
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар расонаҳо пахш гардид, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев охири моҳи декабри соли 2013 дар шаҳри Москва кушта шудааст.Барои аниқ намудани ин ҳодиса ба Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дархост фиристода шуд.Аз маълумоти пешниҳоднамудаи ин мақомот бармеояд, ки 26 декабри соли 2013 дар кӯчаи ба номи генерал Антонови шаҳри Москва ҷасади Раҳматшоев Ш. бо ҷароҳатҳои зиёди халанда дарёфт гардидааст.27 декабри соли 2013 аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи мақомоти тафтишотии Федератсияи Русия бо аломатҳои ҷиноятии бо моддаи 105 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия пешбинишуда (куштор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Дар айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дошта, маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ барои муайян намудани ҳама ҳолатҳои ҷинояти содиршуда ва шахси онро содирнамуда ҷараён дорад.Дар ин бора аз Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






