Пурқувват намудани иқтидори илмиву зеҳнии донишгоҳҳо

Март 11, 2014 15:14

Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев бо ҳайати профессорон, олимон ва ҷомеаи меҳнатии муассисаи таълимии мазкур доир гардид. Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов ҳадафи вохӯриро шиносоии наздик ва назорати иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов маънидод намуд.Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, Раҳматулло Мирбобоев аз Раёсати донишгоҳ, садорати факултаҳо ва ашхоси мутасаддӣ даъват кард, ки ба ҷашни Наврӯзи Аҷам омодагии комил бинанд ва онро дар сатҳи баланд гузаронанд. Мавсуф роҷеъ ба пешбурди кори таълиму илм дахл намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳарчи зудтар бояд таъсиси марказҳои тестиро дар назди донишгоҳ роҳандозӣ кард ва минбаъд имтиҳонот ба тариқи тестии электронӣ сурат мегиранд. Шурӯъ аз соли нави хониши 2014-2015 тамоми факултаҳо бояд пурра ба низоми кредитӣ гузаранд. Тайёр намудани мутахассисони баланддараҷа, пурқувват намудани иқтидори илмиву зеҳнии донишгоҳ ба масоили муҳимтарин ва аввалиндараҷа бояд мубаддал гардад.

Март 11, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст