Рӯзи умумиҷаҳонии об — 2014
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аъзои Шабакаи ташкилотҳои мушорикон оид ба таъмини устувори об ва санитария бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об дар соли 2014 як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ менамоянд. Рӯзи умумиҷаҳонии об ҳар сол 22 март бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, ҳамчунин ташвиқи усулҳои истифодаи захираҳои оби ошомиданӣ қайд карда мешавад.
Тавре ки аз Намояндагии созмони Оксфам дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз, 13 март, маъракаи поккории канали «Говкуш» — и шаҳри Душанбе ва таҷзияи сифати оби се обанбори пойтахт баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ бо роҳбарии клуби экологии «Взол», ки фаъолияти онро Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази «Дастгирӣ» бо мадади Созмони байналмилалии Оксфам танзим менамоянд, сурат мегирад.
Аз 12 март то 4 апрел дар Тоҷикистон дарсҳои кушода дар мавзӯи истифодаи самарабахши захираҳои об ва гигиенаи шахсӣ, озмунҳо барои офаридани суратҳои беҳтарин ва ихтирооти мактабиён доир мешаванд.
Хонандагони фаъолтарин бо мукофоту тасдиқномаҳо сарфароз мегарданд. Чорабиниҳои зикршуда бо роҳбарии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Мӯъминобод, ҳамчунин Созмони байналмилалии Оксфам роҳандозӣ мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






