Р.Раҳматулло – раиси Федератсияи футболи Суғд
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматулло раиси нави Федератсияи футболи вилояти Суғд интихоб гардид.Дар кумитаи иҷроияи Ҳукумати вилояти Суғд конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи вилоят баргузор гардид, ки дар он намояндагони дастаҳои лигаи олӣ ва якум, дастаҳои футболи бачагонаю наврасон, кумитаҳои доварону нозирон, фаъолони футболи вилоят ва шахсони дигар иштирок доштанд. Конфронс таҳти раёсати муовини раиси вилояти Суғд Раъно Бобоҷонова баргузор гардида, дар он директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов ширкат дошт. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи раиси вилоят Рустам Раҳматулло бо ризоияти ҳамаи ҳозирон раиси нави Федератсияи футболи Суғд интихоб гардид. Роҳбари намояндагии «Агроинвестбонк» Хуршед Ҳақдодов муовини аввали раис интихоб шуд. Ба ҳайати нави кумитаи иҷроия супориш дода шуд, ки номзадии боз як муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғдро баррасӣ намуда ва барои тасдиқ ба конфронси навбатӣ пешниҳод кунад. Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Суғд иборат аз 11 нафар интихоб гардид, ки ба он дар баробари раиси нав ва муовини аввали ӯ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Бонки «Эсхата»Хуршед Носиров, роҳбари корхонаи «Оби зулол» Нуриддин Обидҷонов, директори генералии ширкати «Сомон Суғд» Мадиёр Вадудов, соҳибкор Нӯъмонҷон Иброҳимов, мушовири «КАТ» дар Осиёи Марказӣ Маҳмадҷон Ҳомидов, директори генералии корхонаи «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Маъруф Маҳмудов ва корманди фаъоли бахши футболи вилоят Акбар Иброҳимов шомиланд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






