“Раҳнамо” -роҳнамои кӯдакон

Март 28, 2014 09:11

Хуҷанд, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд боз як иншооти иҷтимоӣ расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз кӯдакистони нави “Раҳнамо” аз ҳуҷраҳои кӯдакистони мазкур дидан карда, аз шароите, ки барои тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст, қаноатмандии худро изҳор намуд. Кӯдакистони мазкур бо маблағи 1млн. 048 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, дар марҳилаи аввал 120 нафар тарбиятгирандаро қабул ва 20 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард. Маъмурияти муассисаи нав нақша доранд, то интиҳои сол шумораи кӯдаконро ба 250 нафар ва ҳайати кормандонро ба 50 нафар расонанд. Ҳар як гурӯҳ аз 24 нафар кӯдаки аз 3 то 6- сола иборат буда, барои онҳо таълими забонҳои русию англисӣ ва омӯзиши компютерӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Инчунин дар раванди ифтитоҳи боғчаи навбунёд — хатнатуйии 6 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Бояд ёдрас шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо баробари фаъолият намудани боғчаи нав — «Раҳнамо», адади муассисаҳои томактабӣ алҳол ба 34 расида, дар онҳо зиёда аз 9 ҳазор кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст.

Март 28, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд