Рабудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғ
Душанбе. 31.03 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Аз ҷониби кормандони милитсия як нафар сокини ноболиғи ноҳияи Рашт бо гумони даст доштан дар рабудани воситаи нақлиёт дастгир гардид.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод сокини 31-солаи ҳамин ноҳия Изатулло Мирзоев муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми марти соли ҷорӣ шахси номаълум мошини шахсиаш, тамғаи «Чанху», рақами давлатиаш 92-78 АА 01 РТ-ро, ки дар истгоҳи варзишгоҳи ноҳия бе назорат меистод, рабудааст.
Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт ноболиғ Шӯҳрат Ворисов, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Раштро дастгир намуданд.
Нисбат ба ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






