Раддия вобаста ба ҳодисаи осеббардории хизматчии ҳарбӣ

Март 20, 2014 16:28

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи охир тавассути расонаҳои ахбори умум баҳсу мунозираҳои зиёди беохир пахш гардида, ҳодисаи ба сари хизматчии қисми ҳарбии 2620-и Қӯшунҳои сарҳадӣ — сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбоз Нуъмонович омадаро чӣ гунае, ки мехоҳанд, шарҳу возеҳ медиҳанд.
 Асли воқеа чунин аст: ҳолати қасдан зада маъюб кардани сарбози қаторӣ  Шаҳбоз Мирзоев аз ҷониби сарбози қаторӣ Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович воқеият надорад, зеро мақсади Ғайратов У. М. танҳо гӯштингирӣ ва бартарӣ нишон додан дар назди дигарон буд.
Пеш аз ҳодисаи осебгирии сарбози қаторӣ Мирзоев Ш. Н. дар вақти гӯштингирӣ бо сарбози қаторӣ Ғайратов У. М. ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт, танҳо барои муолиҷаи дарди дандон ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620 барои табобат ворид гардида буд. 
Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муаян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.
Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи махсус,  фелдшери нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 2620, фарзанди ягон шахси мансабдори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, баръакс ҷабрдида Мирзоев Ш. Н. хешу табори наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Хотиррасон менамоем, ки сарбози қатторӣ Мирзоев Шаҳбоз Нуъмонович, соли тавалудаш 1992, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, муҷаррад, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Хиштихоми ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд, тирамоҳии соли 2013- ум ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. 
Дар айни ҳол дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло,  ки дорои ҳамаи лавозимоти тиббӣ мебошад, бистарӣ буда, тамоми дорую лавозимоти зарурӣ барои табобаташ таҳти назорати табибони беморхонаи марказии ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Муолиҷаву табобат, ҷарроҳӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба таври ройгон таъмин карда мешаванд. 
Новобаста аз он, ки нисбат ба Ғайратов Усмоналӣ Маҳмадшарифович парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад, аз тарафи масъулини Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи мазкур санҷиши хизматӣ бурда шуда, ҳамаи шахсони сабабгор, ки беаҳамиятии онҳо боиси осебгирии сарбози қаторӣ Мирзоев Ш. Н. гардидааст, ба ҷавобгарии интизомӣ, то дур кардан аз мансаби ишғолкардаашон кашида мешаванд. 
 
Раёсати корҳои тарбиявӣ ва
Маркази матбуоти СҚС КДАМ ҶТ
 
 
 

Март 20, 2014 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд