Рассомони беҳтарин муайян гаштанд
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия, ҳафтаи гузашта дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкини ноҳияи мазкур ҷамъбасти озмуни «Расми беҳтарини зиддисӯхтории мактаббачагон»-ро доир карданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, қаблан чунин озмун байни мактаббачагони ҳамаи мактабҳои ноҳия дар алоҳидагӣ ва баъдан байни ғолибони озмун баргузор гардида, ғолибони озмуни байнимактабӣ ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ноҳиявӣ аз байни 156 муассисаи таълимии ноҳия танҳо намояндагони 30 мактаб дар ду гурӯҳ, яъне аз синфи 4 то 7 ва гурӯҳи дуюм аз синфи 8 то 11 байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Дар гурӯҳи якум ҷойи аввалро хонандаи мактаби №66 Муниса Нуриддинова, ҷойи дуюмро хонандаи мактаби №7 Шаҳноза Усмонова ва ҷойи сеюмро хонандаи мактаби №15 Меҳрубон Исломов сазовор гашт.
Дар гурӯҳи дуюм ҷойи аввал ба хонандаи мактаби №59 Дилафрӯз Собирова, ҷойи дуюм ба хонандаи мактаби №1 Олимҷон Обидҷонов ва ҷойи сеюм ба хонандаи мактаби №14 Давлатмурод Олимов дода шуд.
Ба ғолибони озмун аз тарафи муовини сардори хадамоти ноҳияи Рӯдакӣ Ашӯралӣ Тӯраев ва сармутахассиси шуъбаи маориф Абдусамад Муминов ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Чунин озмунҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи моликияти хусусию давлатӣ аз сӯхтор саҳми сазовор хоҳанд гузошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






