Равобити ҳамкорӣ миёни ДДОТ ва ДДГМ

Март 28, 2014 16:39

Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо намояндагони Донишгоҳи давлатии гуманитарии Маскав (ДДГМ) ба номи Шолохов Надежда Сентсова ва Елена Дириева мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ  деканони факултаҳои гуманитарӣ  ва мудирони кафедраҳои ҷамъиятӣ  иштирок намуданд. 
Тавре ки Бахтиёри Абдураҳим-котиби матбуоти Донишкадаи омӯзгорӣ иттилоъ дод, Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ  миёни Донишгоҳи омӯзгорӣ ва макотиби олии хориҷӣ гуфт, ки таълимгоҳи мо бо шумораи зиёди донишгоҳҳои бурунмарзӣ  равобити судманди ҳамкорӣ  дорад. Аксар донишҷӯёну магистрони мо дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Русия таҳсил менамоянд. Алъон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми мамлакат тасмим гирифтаем, ки муҳассилинро дар риштаи аспирантура низ ба хориҷи кишвар фиристем.
Ректор А.Раҳмонов афзуд, ки мо омодаем, то дар чанд ҷанба бо Донишгоҳи гуманитарии Маскав робитаи ҳамкорӣ ба роҳ монем. Хосса, дар самти табодули муҳассилин дар зинаҳои мухталифи таълим имконоти фаровон мавҷуданд. Итминони комил дорем, ки омӯзгорони пуртаҷрибаи Донишгоҳи гуманитарии Маскав дар заминаи барқароргардии ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбор ба донишгоҳи мо омада, семинару конфронсҳо доир менамоянд. 
Надежда Сентсова гуфт, ки дар  Донишгоҳи гуманитарии Маскав 10 факулта фаъол буда, беҳтарин мутахассисон машғули тадрисанд. Факултае, ки нисбатан хоҳишманди бештар дорад, факултаи логапедагогика мебошад. Донишгоҳи мо имкон дорад, ки муҳассилинро аз таълимгоҳи шумо бо хобгоҳ таъмин намуда, ҳама шароитро барояшон  муҳайё созад. 
Дар идомаи мулоқот А.Раҳмонов деканони факултаҳои гуманитариро муваззаф намуд, ки ду ё се нафарӣ  донишҷӯ ва магистри хоҳишманди таҳсил дар Донишгоҳи гуманитарии Маскавро интихоб карда, ба раёсат пешниҳод намоянд.
 
 

Март 28, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад