Равобити ҳамкорӣ миёни ДДОТ ва ДДГМ
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи С.Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо намояндагони Донишгоҳи давлатии гуманитарии Маскав (ДДГМ) ба номи Шолохов Надежда Сентсова ва Елена Дириева мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ деканони факултаҳои гуманитарӣ ва мудирони кафедраҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Тавре ки Бахтиёри Абдураҳим-котиби матбуоти Донишкадаи омӯзгорӣ иттилоъ дод, Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ миёни Донишгоҳи омӯзгорӣ ва макотиби олии хориҷӣ гуфт, ки таълимгоҳи мо бо шумораи зиёди донишгоҳҳои бурунмарзӣ равобити судманди ҳамкорӣ дорад. Аксар донишҷӯёну магистрони мо дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Русия таҳсил менамоянд. Алъон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми мамлакат тасмим гирифтаем, ки муҳассилинро дар риштаи аспирантура низ ба хориҷи кишвар фиристем.
Ректор А.Раҳмонов афзуд, ки мо омодаем, то дар чанд ҷанба бо Донишгоҳи гуманитарии Маскав робитаи ҳамкорӣ ба роҳ монем. Хосса, дар самти табодули муҳассилин дар зинаҳои мухталифи таълим имконоти фаровон мавҷуданд. Итминони комил дорем, ки омӯзгорони пуртаҷрибаи Донишгоҳи гуманитарии Маскав дар заминаи барқароргардии ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбор ба донишгоҳи мо омада, семинару конфронсҳо доир менамоянд.
Надежда Сентсова гуфт, ки дар Донишгоҳи гуманитарии Маскав 10 факулта фаъол буда, беҳтарин мутахассисон машғули тадрисанд. Факултае, ки нисбатан хоҳишманди бештар дорад, факултаи логапедагогика мебошад. Донишгоҳи мо имкон дорад, ки муҳассилинро аз таълимгоҳи шумо бо хобгоҳ таъмин намуда, ҳама шароитро барояшон муҳайё созад.
Дар идомаи мулоқот А.Раҳмонов деканони факултаҳои гуманитариро муваззаф намуд, ки ду ё се нафарӣ донишҷӯ ва магистри хоҳишманди таҳсил дар Донишгоҳи гуманитарии Маскавро интихоб карда, ба раёсат пешниҳод намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






