Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ таҳти шиори «Ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ»
Душанбе, 04.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати раёсаткунанда дар Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад. Раванди омодагирӣ ба ин чорабиниҳои муҳим дар созмон тобистони соли гузашта оғоз гардида буд. Давраи кунунии Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ таҳти шиори «Ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ» мегузарад.
Тавре дар брифинги ВКХ-и кишвар дар ин робита қайд намуданд, дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукотӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва дар ин замина нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Нақшаи асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба давлатҳои узв ва Котиботи СҲШ ироа гаштааст, таҳия ва қабул гардидааст.
Мақсади асосӣ ва калидии мо ба ҳайси ҷониби Раёсаткунанда дар Созмон пеш аз ҳама пешбурди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳошияи СҲШ, инчунин ташаккули бахши мундариҷавии натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои СҲШ маҳсуб меёбад.
Айни замон давлатҳои узв таърихи баргузории чорабиниҳои дар давоми сол ба нақша гирифташударо, ки дар қаламрави Тоҷикистон доир мегарданд, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Вохӯрии котибони Шӯрои амниятӣ, Мулоқоти вазирони мудофиа ва ғайраро мувофиқа намудаистодаанд.
Дар ҳошияи брифинг зикр гардид, ки сомонаи расмии Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ www.scosummit2014.tj фаъол гаштааст.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






