Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ таҳти шиори «Ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ»

Март 4, 2014 15:58

 
Душанбе, 04.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати раёсаткунанда дар Созмони Ҳамкории Шанхай  мебошад. Раванди омодагирӣ ба ин чорабиниҳои муҳим дар созмон  тобистони соли гузашта оғоз гардида буд. Давраи кунунии Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ таҳти шиори «Ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ» мегузарад.
 
Тавре дар брифинги ВКХ-и кишвар дар ин робита қайд намуданд, дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукотӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва дар ин замина нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Нақшаи асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба давлатҳои узв ва Котиботи СҲШ ироа гаштааст, таҳия ва қабул гардидааст.
 Мақсади асосӣ ва калидии мо ба ҳайси ҷониби Раёсаткунанда дар Созмон пеш аз ҳама пешбурди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҳошияи СҲШ, инчунин ташаккули бахши мундариҷавии натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар ниҳодҳои СҲШ маҳсуб меёбад.
Айни замон давлатҳои узв таърихи баргузории чорабиниҳои дар давоми сол ба нақша гирифташударо, ки дар қаламрави Тоҷикистон доир мегарданд, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Вохӯрии котибони Шӯрои амниятӣ, Мулоқоти вазирони мудофиа ва ғайраро мувофиқа намудаистодаанд.
 
 Дар ҳошияи брифинг зикр гардид,  ки  сомонаи расмии Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ www.scosummit2014.tj  фаъол гаштааст.

 

Март 4, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад